Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян омадааст:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Шуморо ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон самимона табрик мегӯям.
Натиҷаҳои интихоботи баргузоргардида нишонаи эътибори баланд ва таҷрибаи ғании Шумо дар кори давлатдорӣ ҷиҳати рушди устувори кишвар, таҳкими сулҳу оромӣ дар ҷомеа ва баланд гардидани нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист.
Аминам, ки муносибатҳои дӯстӣ миёни мардуми кишварҳоямон, инчунин талошҳои муштарак ҷиҳати ҳамкории фаъол ва ҳусни тафоҳум, таҳкими равобит дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ИДМ ва дигар ниҳодҳои бисёрҷониба барои татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои иқтисодиву гуманитарӣ нақши арзанда хоҳанд гузошт.
Ба Шумо сиҳатии бардавом ва муваффақият, ба наздикони Шумо саодатмандӣ ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоиро таманно дорам”.
Дар барқияи шодбошии аҳли зиё ва ҳамватанони анҷумани Рӯдакӣ, доктор Масуд Миршоҳӣ омадааст:
“Интихоби Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Раиси Ҷумҳури кишвари бостонии Тоҷикистон ба ҳамватанони тоҷик ва умуман тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табрик мегӯем, барои Раиси Ҷумҳур рӯзгори хуш беҳрӯзӣ ва дар корҳояшон пирӯзиҳо орзу мекунем.
Мо хама форзизабонони Аврупо, Амрико ва Австралия хурсандии беканори худро аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, ки пуштибони фарҳанги ниёгон ҳастанд эълон мекунем”.