ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Президенти
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Илолов М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Илолов Мамадшо бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
6 декабри соли 2013
№91