ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин
намудани Маҳмадалиев А.Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Маҳмадалиев Амирбек Темурович иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 декабри соли 2013
№102
МАҲМАДАЛИЕВ АМИРБЕК ТЕМУРОВИЧ
иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
Маҳмадалиев Амирбек Темурович – 25 декабри соли 1960 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми Донишгоҳ ба ҳайси котиби ташкилоти ҳизбии колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон оғоз намуда, сипас дар мансабҳои раиси комиссияи тафтишотии колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, раиси раёсати колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, муовини аввали раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ва муовини сардори Идораи кишоварзии вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 2004-2006 дар мансаби Раиси ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Аз соли 2007 то ба имрӯз вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъин гардид.