Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

16.12.2013 09:50

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Муҳтарам Нурсултон Абишевич,

Табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро ба муносибати солгарди ҷашни милии Ҷумҳурии Қазоқистон – Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.

Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон, ки бар анъанаҳои мустаҳками дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарӣ асос ёфтаву решаҳои қадимии таърихӣ доранд, зина ба зина рушд меёбанд. Мехоҳам арзиши хосса ва манфиати кӯшишҳои мутақобилаи таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷабҳаи моро ба манфиати ду миллати бародар ва дар маҷмуъ, баҳри минтақа таъкид намоям. Тоҷикистон миньаъд низ аз ҷониби худ барои ин раванд ҷидду ҷаҳд хоҳад кард.

Дар ин рӯзи саид мехоҳам ба Шумо Нурсултон Абишевичи азиз тани сиҳат, хушбахтӣ ва дар фаъолиятҳои давлатиатон бурдбориҳои калон, ба халқи бародари Қазоқистон бошад, сулҳ, некӯаҳволӣ ва саодатмандӣ таманно намоям”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520