Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад ибн Исо Оли Халифа

16.12.2013 09:55

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Мамлакати Баҳрайн Ҳамад ибн Исо Оли Халифа барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Бародари гиромӣ,

Сарфарозам ба муносибати фарорасии Иди миллии Мамлакати Баҳрайн ба Шумо, Аълоҳазрат, беҳтарин табрикоти бародарона ва самимонатарин шодбошҳои хешро ирсол дорам, ба Шумо саломативу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Баҳрайн, рушду тараққӣ орзу намоям.

Бо истифода аз ин фурсат мехостам бори дигар рағбати содиқонаи инҷонибро барои фаъолияти муштарак ба Шумо, Аълоҳазрат, ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвар ва инкишофу шукуфоии онҳо, ки асли ормонҳои мост, иброз намоям.

Парвардигор Шуморо муваффақ гардонад ва дар роҳи роҳбарӣ ба пешрафти мардуми кишваратон комёбиҳо арзонӣ дорад”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520