Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибн Ҳамад Оли Сонӣ

18.12.2013 16:24

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибн Ҳамад Оли Сонӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Бародари гиромӣ,

Сарфарозам ба муносибати фарорасии Иди миллии Давлати Қатар ба Шумо, Волоҳазрат, беҳтарин табрикоти бародарона ва самимонатарин шодбошҳои хешро ирсол дорам, ба Шумо саломативу комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Қатар, рушду тараққӣ орзу намоям.

Бо истифода аз ин фурсат мехостам бори дигар рағбати содиқонаи инҷонибро барои фаъолияти муштарак ба Шумо, Волоҳазрат, ҷиҳати таҳкиму тақвияти равобити ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мухталиф, ки ба инкишофу шукуфоии онҳо равона гаштааст, иброз намоям.

Парвардигор Шуморо муваффақ гардонад ва дар роҳи роҳбарӣ ба пешрафти мардуми кишваратон комёбиҳо арзонӣ дорад”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520