Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ

19.12.2013 15:23

Президенти Ҷумҳурии Сербия Томислав Николич ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Президент.

Дар ҳошияи интихоби муҷаддади Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимона ва таманоияти сидқии муваффақиятҳо дар амри касбию шахсиро ба Шумо ирсол медорам.

Мутмаинам, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи байни халқҳою кишварҳоямон минбаъд ҳам дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобила густариш меёбанд.

Эҳтиромоти бепоёни маро, ҷаноби Президент, бори дигар қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Македония доктор Георг Иванов омадааст:

“Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Барои ман боиси ифтихор ва хушнудист аз номи мардуми Ҷумҳурии Македония ва аз номи худам Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда ва ба Шумо беҳтарин таманноҳо ва тавфиқ дар ин мақоми масъулиятнок хоҳонам.

Мехостам бо истифода аз ин фурсати муносиб ибрози итминон намоям, ки дар оянда бо талошҳои муштарак мо метавонем равобити дӯстонаамонро тавсеа бахшем ва ҳамкориҳои боз ҳам самараноктар дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба дошта бошем.

Зимни ибрози табрикоти самимона ба Шумо муваффақият дар корҳоятон ва хушбахтӣ орзу менамоям.

Лутфан Ҷаноби Президент эҳтиромоти волои маро қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Демократии Халқии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан Президенти кишваратон интихоб шудан, самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо дар анҷоми масъулияти баланди сарварии мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон комёбию муваффақият орзу кунам.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб омодагии комили худро барои ҳамроҳ бо Шумо идома додани талошҳо баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстӣ байни кишварҳоямон таъкид мекунам”.

Дар барқияи табрикотии Султони муаззами Салтанати Уммон Султон Қобус ибни Саид омадааст:

“Бародари гиромӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, самимона табрику муборакбод намоям.

Ба Шумо дар сарварии мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон баҳри пешрафти шукуфоии бештар холисона муваффақият хоста, ба муносибатҳои дӯстӣ байни ду кишвар рушду густариши минбаъдаро орзумандам”.

Дар барқияи табрикотии Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн Ҳамад ибни Исо оли Халифа омадааст:

“Бародари гиромӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Боиси фараҳмандист, ки Шуморо ба муносибати ба давраи нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, аз таҳти дил муборакбод гӯям.

Ба Шумо дар ин мақоми баланд муваффақияту сарбаландӣ ва ба мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бардавом таманно дорам.

Дуруд ва эҳтироми самимии моро лутфан қабул фармоед”.

Ҳелен Кларк, муовини Дабири кулли СММ ва маъмури Барномаи рушди СММ дар номаи табрикиаш чунин иброз доштааст:

“Ҷаноби Олӣ!

Иҷозат фармоед Шуморо бо интихоби муҷаддад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намоям.

Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон ҳамкории зичеро, ки байни мо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст ва мушорикати қавиеро, ки мо бо роҳбарияти Шумо тақвият бахшидаем, ба дараҷаи баланд арзёбӣ мекунад. Ин ҳамкорӣ қисми ҷудонашавандаи муваффақияти ибтикороти муштараки мо буд, ки ба рушди Тоҷикистон ва беҳтар шудани сифати зиндагии аҳолӣ ҳам дар дурнамои миёнамӯҳлат ва ҳам дурнамои дарозмӯҳлат баҳри дастгирии стратегияю барномаҳои миллии Шумо мусоидат мекунад.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳимтарини ҳамкории муштараки мо иборат аз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ бо василаи пешбурди рушди устувори инсон мебошад. Мо ба пеш назар карда, мехостем, ки мусоидатро ба таҳкими устуворияти кишвар алайҳи буҳрони шадид ва фалокатҳои табиӣ идома диҳем.

Мехостам омодагии барномаи рушди СММ - ро ҷиҳати ҳамкории зич бо Шумо ва ҳукумати Шумо дар амри дастгирии мақсадҳои миллии рушд ва Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола барои Тоҷикистон қайд намоям.

Ҷаноби Олӣ, итминони самимонаи маро дар амри эҳтиромоти бепоёнам лутфан қабул фармоед”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520