Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
“Аълоҳазрат,
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шумо, Аълоҳазрат, табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро ба муносибати фаро расидани Иди миллии кишваратон тақдим медорам.
Умедворам, ки муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония босуръат рушд хоҳанд кард. Мутмаин ҳастам, ки саъю талоши муштарак барои расидан ба ин ҳадафҳо самараи нек ба бор хоҳад овард.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Аълоҳазрат умри дароз, сиҳҳатии комил ва хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Япония пирӯзӣ ва саодат хоҳонам”.