Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.01.2012 14:00, шаҳри Душанбе

Бо Муовини якуми сарвазири кишвар таъин шудани Матлубхон Давлатов дар тақсими вазифаю салоҳиятҳои Сарвазир ва Муовини аввали ў баъзе тағйирот ворид мегардад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро дар амалӣ намудани фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ гузошта, масъалаҳои саноат, комплекси сўзишворию энергетикӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёту коммуникатсия, геология, нафту газ ва истифодаи канданиҳои фоиданок, масъалаҳои меъморӣ ва сохтмони асосӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард ва иншооти гидроэнергетикӣ, корҳои мелиоративӣ, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкориро ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад, ба Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия роҳбарӣ мекунад.

Сарвазири кишвар, ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, ба шартномаю созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо мегузорад.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии соҳаи иқтисодиётро ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии кишварро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла сиёсати буҷету андоз, ҷалби сармоягузорӣ, фаъолияти мақомоти андоз ва гумрук, идораи моликияти давлатӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ амалӣ ва назорат менамояд.

Муовини якум ҳангоми набудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ўро иҷро менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520