Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Бародари гиромӣ,
Бо камоли ҳузну андӯҳ хабари садамаи ҳавопаймои боркашони ҳарбиро, ки бар асари он мусофирони зиёди тайёра ҳалок гаштаанд, дарёфт намудам.
Таъзия ва тасаллияти амиқи хешро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, халқи бародари Алҷазоир ва оилаҳои қурбоншудагон иброз намуда, дуо мекунам, ки Худованд кишвари Шуморо аз ҳар гуна офатҳо эмин нигоҳ дорад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».