Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими санад ва нишони унвони «Пешвои асри 21» ба Эмомалӣ Раҳмон

25.08.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 тақдим карда шуд.
Маросими эълони сарфарозгардии Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо - Пешвои асри 21 дар қасри миллат баргузор гардид.

Санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри 21 ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа тақдим карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин сарфарозиро нишонаи қадрдонии баланди ҷомеаи Аврупо аз заҳматҳои шаборўзии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ба Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ арзи сипос намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки қарор дар бораи сарфароз гардондани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин унвони олии ҷомеаи Аврупо чанд рўз пеш аз ҷониби Кумитаи академикии Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар пойтахти Руминия - шаҳри Бухарест қабул шуда буд. Ин қарор бо иштироки аъзои корпуси академикӣ, олимон, аҳли зиё ва як қатор пешвоёни сиёсии ҷомеаи Аврупо ба тасвиб расидааст.

Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ аз рўи эътибораш дувумин Институти ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин унвони олии ҷомеаи Аврупо барои таҳкими ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия, таъмини эҳтироми манзалати инсон, таъмини идоракунии шаффоф, дастгирии равандҳои демократӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ, озодии матбуот, бароҳандозии барномаҳои созандагӣ ва дигар дастовардҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар сазовор дониста шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520