Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

03.05.2014 08:58

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

“Ҷалолатмаоби гиромӣ,

Бо андӯҳи бузург хабари фаромадани ярчро дар яке аз деҳаҳои вилояти Бадахшон, ки мӯҷиби марги садҳо нафар гаштааст, дарёфт намудам.

Бо ибрози таъзия ва тасаллияти бародарона, хоҳишмандам ҳамдардии инҷониб ва мардуми бародари Тоҷикистонро ба хонаводаҳои ҳалокшудагон бирасонед. Ба аҳлу пайвандони бозмондагон сабри ҷамил хоҳонем.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520