Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул

14.05.2014 14:36

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари таркиш дар кони ангишти наздикии шаҳри Сома, ки муҷиби ҳалокати теъдоди зиёди кӯҳканон гардидааст, моро хеле ғамгин ва андӯҳгин кард.

Бо ибрози тасаллияти самимона ва таъзияи бародарона хоҳишмандам ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон бирасонед.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520