Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳиллари Клинтонро ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ташрифи хонум Клинтонро нишонаи таваҷҷуҳи хоси Амрико ба Тоҷикистон ва минтақаи мо арзёбӣ намуд.
Ҳиллари Клинтон ба нақши Тоҷикистон дар минтақа, хусусан ба мусоидати он ба бозсозии иқтисодӣ ва амниятии Афғонистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар барои мавқеъгирии созанда дар сиёсати минтақавӣ арзи сипосу қадрдонӣ намуд.
Дар мулоқот доир ба маҷмўи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Амрико ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар карда шуд.
Бино ба гуфтаи Ҳиллари Клинтон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кўмаки худро ба Тоҷикистон барои таҳкими амнияту субот, аз ҷумла тавассути дастгирии нерўҳои сарҳадӣ дигар сохторҳои қудратӣ ва хадамоти гумрук дар марзи давлатӣ бо Афғонистон идома медиҳад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Амрикоро доир ба эҳёи Роҳи нави абрешим, ки ҳадаф аз он эҷоди шабакаҳои пайвастаи иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ, энергетикӣ ва таъмини робитаи бемонеаи мардумони Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ мебошад, сидқан мавриди пуштибонӣ қарор дод.
Доир ба ҷалби сармоягузории Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ андешаҳои ҷолиб баён гардид.
Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба раванди демократикунонии ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии матбуот ва ғайра сурат гирифт.