Бегоҳии рӯзи 20 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар, ки барои иштирок ба ҳамоиши кишварҳои аъзои Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф овардаанд, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок намуданд.
Ин барномаи дилнишини фарҳангӣ дар толори бузурги Театри калони Шанхай барои роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои сершумори ба ҳамоиши мазкур ташрифоварда намоиш дода шуд.