Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

22.05.2014 19:18

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар Тоҷикистон хабар дар бораи амали террористии дар яке аз бозорҳои Урумчӣ рухдодаро, ки дар натиҷаи он даҳҳо мардумони бегуноҳ фавтида, шумори зиёди аҳолии осоишта зиён диданд, бо ғаму андуҳ дарёфта, онро маҳкум менамоянд.

Ин амали ҷоҳилона бори дигар зарурати таъхирнопазири муттаҳиддии муассири мутақобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва шароити решакан намудани зуҳурот ва паҳншавии онро собит менамояд.

Чин дар симои Тоҷикистон ҳамеша шарики қобили эътимод ва содиқро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дорад.

Ҷаноби Олӣ, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва таманниёти зуд шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро расонед».

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520