Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
Ҷалолатмаоб,
Ман хеле фараҳмандам, ки ба муносибати таҷлили иди миллии кишваратон ба Шумо ва ба ҳамаи халқи Туркия табрикот ва орзўҳои беҳтаринамро ирсол дорам.
Мо анъанаҳои неки муносиботи дўстонаи миёни мамлакату халқҳоямонро қадр мекунем ва ният дорем, ки барои таҳкиму рушди минбаъдаи онҳо тамоми имконотро истифода намоем.
Ин воқеаи фархунда ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳатии бардавом, саодату комёбиҳо ва ба халқи турк сулҳу беҳбудӣ таманно намоям.