Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

28.05.2014 09:11

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,

Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон табрикоти самимонаро шахсан аз номи худам, аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба ҳамаи мардуми Озарбойҷон ирсол медорам.

Дар Тоҷикистон сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоямон, ки тайи солҳои охир ба таври назаррас вусъат ёфтааст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ мешавад.

Мо азм дорем, ки бо Озарбойҷон минбаъд ҳам зич ҳамкорӣ намуда, ин саъю кӯшишро бо мазмуни нави ҷавобгӯи тақозои замони ҳозира ғанӣ гардонем.

Аминам, ки сафари пешорӯи расмии Шумо ба Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷонибаи мо қувваи нав мебахшад. Мехоҳам Шуморо бовар кунонам, ки Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ҳамаи кори имконпазирро анҷом медиҳад.

Воқеаи фархундаи имрӯза ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатӣ, саодату комрониҳо ва ба халқи Озарбойҷони бародар сулҳу беҳбудӣ ва шукуфоиро орзӯ намоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520