Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси

02.06.2014 11:55

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб интихоб шуданатон бо беҳтарин шодбошҳо ва самимонатарин таманниёт табрик гуфта, ба Шумо муваффақияту комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Миср осоишу тараққӣ ва шукуфоӣ орзу намоям.

Дар чунин лаҳзаҳои гуворо мо аз умку аҳамияти равобити таърихии ду кишвар ва мардумони он ёд карда, рағбати самимии хешро барои тақвияти саъю кӯшишҳои муштараки худ бо Шумо, Ҷаноби Олӣ ҷиҳати таҳким бахшидани равобите, ки орзуҳои моро дар роҳи устувор гардондани сулҳу амонӣ ва рушду тараққӣ таҷассум месозанд, таъкид менамоем.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, бори дигар табрикоти самимона ва ибрози эҳтироми инҷонибро бипазиред”.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520