Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти интихобшудаи Украина Пётр Порошенко

02.06.2014 11:58

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Украина Пётр Порошенко барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:

«Муҳтарам Пётр Алексеевич,

Басо сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати Президенти Украина интихоб шуданатон муборакбод намоям.

Пирӯзии Шумо дар интихоботи барпошуда нафақат аз барномаи Шуморо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти кишвар ва рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодӣ дастгирӣ намудани халқи Украина, балки аз хоҳиши самимонаи интихобкунандагон барои зистан дар вазъияти сулҳу субот ва шукуфоӣ низ шаҳодат медиҳад.

Умедворам муносибатҳои Тоҷикистону Украина, ки ба анъаноти мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкории фаъол истинод мекунанд, барои рушду густариши минбаъда қувваи наверо пайдо менамоянд.

Ба Шумо, муҳтарам Пётр Алексеевич, дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳо ва ба халқи Украинаи дӯст сулҳу беҳбудиро таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520