Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи сафари давлатӣ ба Малайзия

24.06.2014 10:28, Малайзия

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Путраҷая, ки пойтахти нави Малайзия ба шумор меравад, омада, бо дастовардҳои намоёни маркази бузурги маъмурии ин кишвари мутараққии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, бевосита шинос шуд.

Шиносоӣ бо шаҳри Путраҷая асосан дар Корпоратсияи Путраҷая тавассути брифинг сурат гирифт.

Тавре иттилоъ доданд, бунёди шаҳри Путраҷая соли 1996 оғоз ёфта, сабаби асосии ба миён овардани пойтахти нав суръати баланди афзоиш ва зичии аҳолӣ дар шаҳри Куала-Лумпур будааст. 

Путраҷая, асосан маркази маъмурии Малайзия буда, то имрӯз аллакай аксари кулли вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳои марказии давлатӣ, аз ҷумла қароргоҳи кории Сарвазири кишвар, аз шаҳри Куала-Лумпур ба ин ҷо кӯчонда шудааст. Ба хотири ба ҳолати Куала-Лумпур гирифтор нашудани Путраҷая дар ин шаҳр биноҳои истиқоматии аҳолӣ, қариб вуҷуд надоранд.

Зимни шиносоӣ ва суҳбатҳои судманд ду ҷониб ба қарор омаданд, ки дар шаҳри Путраҷая Сафорати Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад. Ҷониби Малайзия изҳор дошт, ки то бунёд ёфтани бинои алоҳида онҳо ба сафорати мо қароргоҳи муваққатии иҷоравӣ пешкаш мекунанд ва се соли аввал бе пардохти иҷорапулӣ. Дар баробари ин, барои бунёди бинои алоҳидаи Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия замин ҷудо карда шуд, то ки дар муддати кӯтоҳ ин кор анҷом дода шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҳамин рӯз эътиборан Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия кори худро шуруъ намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз замине, ки барои бунёди сафорат ҷудо шуд, дидан кард, ки масоҳати он беш аз 1 гектар аст. Тавре аён гардид, он дар беҳтарин мавзеи маркази шаҳри Путраҷая қарор доштааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷониби Тоҷикистон дастур дод, ки сохтмони бино бетаъхир оғоз ёбад.

Шиносоӣ бо шаҳри Путраҷая ҳамчунин дар Маркази ҳамоишҳои байналмилалии он идома ёфт.

Имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Донишгоҳи Лимкоквинги шаҳри Путраҷая бо устодону донишҷӯёни он ва донишҷӯёни тоқик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд, мулоқот доир мекунад. Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок хоҳад дошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520