Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба кумак ба ниёзмандон

28.12.2011 11:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар арафаи соли нави мелодӣ ба ниёзмандон кумакҳои хайрия расонда шаванд.

Роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ вазифадор карда шуданд, ки ба нафарони маъюбу барҷомонда, ятимону бепарасторон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон кумакҳои хайрия расонанд.

ҳамчунин аз соҳибкорону тоҷирон ва дигар ашхоси сарватманду саховатпеша даъват карда шуд, ки ба корҳои хайрия ҳамроҳ шаванд.

Таъкид гардид, ки аҳолии ниёзманди кишвар бояд натанҳо дар арафаи иду ҷашнҳо, балки пайваста мавриди ғамхорию дастгирии мардуми саховатманд қарор дошта бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520