Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

02.08.2014 17:10, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари таркиш дар корхонаи саноатии шаҳри Куншани музофоти Сзянсуи қисмати Шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки боиси фавтидани даҳҳо нафар ва осеб дидани садҳо каси дигар гардидааст, моро басо андӯҳгин намуд.

Ҷаноби Олӣ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасаллияти самимона ва ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон ва ҳамзамон таманниёти зуд шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро расонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520