Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти мунтахаби Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон

12.08.2014 12:53, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти мунтахаби Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хушҳолам Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Туркия самимона табрику таҳният намоям.

Итминон дорам, ки дар ин маснади олӣ Шумо чун кафили сулху субот ва инкишофи иқтисодии кишвари худ фаъолона амал хоҳед кард.

Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи байни кишварҳоямон қаноатманд буда, онро баланд арзёбӣ менамоем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб мехостам омодагии Тоҷикистонро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи арсаҳо таъкид намоям.

Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳҳатии комил, дар кори амалӣ намудани вазифаи пурмасъулияти наватон муваффақиятҳо, ба кишвари дӯсти Туркия пешрафт ва шукуфоӣ, ва ба мардуми он саодату комгорӣ хоҳонам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520