Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Балҷувон, Носири Хусрав, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Роштқалъа ва шаҳрҳои Хоруғу Норак

19.12.2007 14:00

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Балҷувон, Носири Хусрав, Ҳамадонӣ, Муъминобод, Роштқалъа ва шаҳрҳои Хоруғу Норак тавассути телефон ҳисобот доданд.

Аз раиси ноҳияи Балҷувон оид ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба минтақаи истироҳат ва туризм табдил додани ҳудуди ноҳия, доир ба рафти кишти тирамоҳӣ, парвариши занбӯри асал ва ғамхорӣ ба муассисаҳои соҳаи маориф ҳисобот талаб карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз раиси ноҳияи Носири Хусрав оид ба ҷобаҷо кардани муҳоҷирон ва баровардани эҳтиёҷоти онҳо, ҷоннок кардани корҳо дар бахши пахтакорӣ ва махсусан доир ба парвариши сабзавоти барвақтӣ пурсон шуд.

Ба раиси ноҳияи Ҳамадонӣ дар бораи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, барқарор намудани боғҳои кӯҳна ва бунёди боғҳои нав, инкишофи пахтакорӣ, вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва вусъат додани корҳои ободонӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Ҳисоботи раиси ноҳияи Муъминобод оид ба рушди бахшҳои боғдорӣ, паррандапарварӣ, картошкапарварӣ, парвариши занбӯри асал, иҷрои буҷети маҳаллӣ ва доир ба вазъи муассисаҳои маорифу тандурустӣ шунида шуд.

Раиси шаҳри Норак оид ба корҳои ободонию созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои сохтмонӣ ва таъмини мактабҳо ва омӯзгорон бо маводи сӯхт ҳисобот дод.

Ба раиси шаҳри Хоруғ оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, хусусан азхуднамоии маблағҳое, ки аз ҳисоби Буҷети давлатии иловагӣ барои сохтмони маркази ҷавонон, литсейи президентӣ, варзишгоҳи марказӣ ва дигар иншоот ҷудо гашта буд ва ҳамчунин дар бораи компютеркунонии мактабҳо ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони онҳо бо маводи сӯхт дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Дар ҳисоботи раиси ноҳияи Роштқалъа ба масоили зимистонгузаронӣ ва ғанӣ гардондани бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи ҳаррӯзаи мардум таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисони шаҳру ноҳияҳои номбурда оид ба риояи бечунучарои меъёрҳои муайяншудаи анъана ва ҷашну маросимҳо ва хусусан оид ба иҷрои суннатҳои ҳамидаи иди Қурбон баҳри расондани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар эҳтиёҷмандон дастуру супоришҳои мушаххас дод

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520