Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент қонунҳоро ба имзо расонид

17.04.2012 12:00

Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» бори аввал қабул гардида, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсионӣ, доираи субъектон, намудҳои фаъолияти инноватсионӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ, инчунин дигар муносибатҳоро дар ин соҳаи муҳими фаъолияти иқтисодӣ танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади танзими низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва қабул карда шудааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти мақомоти идоракунии давлатӣ, принсипҳои фаъолият ва вазъи ҳуқуқию иҷтимоии онҳоро танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии нотариати давлатӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти нотариалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муносибатҳоро дар соҳаи амалисозии фаъолияти нотариати давлатӣ ва ба ҷо овардани амалҳои нотариалӣ танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» муносибатҳоро вобаста ба муҳофизати растаниҳо танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар соҳаи муҳофизати растаниҳо, инчунин дигар муносибатҳоро дар ин соҳа муайян менамояд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷиҳати тарбияи наврасону ҷавон дар роҳи ҳаёти солим, танзими дақиқи ваколати вакилони ҷамоъат ва интихоботи онҳо, инчунин барои такмили фаъолият ва сохтори мақомоти мазкур равона карда шудаанд.

Қонунҳои ба имзорасида ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои баимзорасида дар рӯзномаҳои расмии кишвар дар рӯзҳои наздик ба нашр расонида мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520