Дар фароварди Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо доир ба Афғонистон ва доир ба Осиёи Марказӣ Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт.
Намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо ба натиҷаҳои конфронси Душанбегии РЕККА баҳои баланд дода, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи созмондиҳандагони ин ҳамоиши муҳими ҷаҳониро бо ин пешрафти намоён табрик гуфтанд.
Тавре зикр гардид, конфронси 5-уми РЕККА бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ба поён расид. Аз ин хотир конфронси Душанбегии РЕККА оғози марҳилаи гузариш аз сухан ба амал номида шуд.
Доир ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва роҳҳои бартарафсозии мушкилу монеаҳои сунъии рушди ҳамкорӣ дар ин минтақа табодули назар карда шуд.
Ба гуфти Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морел, Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи кунунӣ нақшаҳои кори дарозмуддати худро дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020 тарҳрезӣ дорад.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба нақши минбаъдаи Тоҷикистон дар раванди сулҳсозию бозсозии иқтисодии Афғонистон ва минтақаи атрофи он сурат гирифт.