Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе

07.09.2015 09:16, шаҳри Душанбе

Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100 - ро ба истифода дод.

Мактаби мазкур баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Корҳои навсозӣ 11 марти соли 2015-ум оғоз гардида, 17 августи соли 2015 ба анҷом расид ва барои сохтмону таҷҳизонидани мактаб 11 миллиону 739 ҳазору 230 сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Мактаби дуошёна барои 1480 ҷой дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 33 сифнхона, 2 толори навбунёди варзишӣ бо 420 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Тавре иттилоъ доданд, баъди пурра ба истифода додани мактаб беш аз 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Фармоишгар - Муассисаи давлатии раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе, Лоиҳакаш - Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи САНИИОСП ва пудратчии асосӣ - Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Саимо мебошад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои барҳавову замонавӣ бо шароити таълим аз наздик шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир намуд.

Дар рафти шиносоӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти синфхонаи назорати интерактивии ҷамъиятӣ, ки ҳамзамон ба низоми ягонаи идоракунӣ дар соҳаи маориф пайваст аст, шинос шуд.

Ин нуқтаи идоракунӣ, ки маркази махсуси иттилоотӣ мебошад, пурра бо системаи ягонаи идоракунии соҳаи маориф пайваст буда, ҷараёни дарс, рафтори толибилмон ва иртиботи пайвастаи волидайнро бо ин муассисаи таълимӣ  таъмин менамояд, ки мутобиқ ба низоми муосир бо охирин техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз шудааст.

Баъди ифтитоҳи бинои мактаб дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ карда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуд. 

Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи мактабҳои типи нав афзоиш меёбад.  Ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардида, волидон аз рафти донишомӯзии фарзандон огоҳ мегарданд.

Устодону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои падарона изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520