Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ

29.12.2015 10:52, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ бо хонандагони ятим ва маъюби 9 мактаб - интернати шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Ҳисор, Рӯдакӣ, инчунин мактаб интернатҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе мулоқот намуда, дар арафаи соли нави мелодӣ ба онҳо кӯмаки моддӣ расонд.

Нахуст пеш аз оғози чорабинӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи Мактаби байналмилалии Президентӣ намоишгоҳи китоби бачагона, мусаввараҳо ва дигар ҳунарҳои тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимиро тамошо кард.

Хонандагони хушсалиқа дар ин ҷо беҳтарин маҳсули дастони пурҳунари худро намоиш доданд.

Президенти мамлакат ба ҳунари кӯдакон ва завқи баланди эҷодиашон баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзиши ҳарчи бештари касбу ҳунарҳо ва аз худ кардани илмҳои муосир ҳидоят намуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толори калони мактаби байналмилалӣ ворид шуда, ба беш аз 300 нафар ятим ва маъюб кӯмаки моддӣ расонд.

Мавриди зикр аст, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодӣ ба беш аз 12000 нафар ятим, бепарастор ва кӯдакони маъюби ҳамаи мактаб-интернати ҷумҳурӣ аз Фонди захиравиии Сарвари давлат кӯмакҳои моддӣ расонда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст аҳли толор ва мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оину амалҳои неки мардуми тоҷик ёдовар шуда, таъкид дошт, ки аз волотарини онҳо дасти кумак дароз кардан ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон аст.

Президенти мамлакат таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камолот расонидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷӯӣ менамояд.

Маҳз натиҷаи дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат буд, ки рушди муассисаҳои мазкур таъмин гардида, алҳол дар кишварамон 12 муассиса барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд ва 74 мактаб-интернат, аз ҷумла 22 мактаб-интернат барои кӯдакони ятим фаъолият менамояд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд низ барои шумо ва ҳамсолонатон ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида, шуморо бо маводи хониш, сару либос ва дигар шароити лозима таъмин менамояд.

Дар охир Сарвари давлат бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, таъкид кард, ки шумо ҳамеша дар мадди назари Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор доред ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳеҷ гоҳ аз ғамхориву таваҷҷуҳ бебаҳра нахоҳед монд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳои кишвар ба роҳбари ғамхору хирадманд ва пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷӯҳ ва ғамхориашон нисбат ба ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Ибрози хушҳолӣ карданд, ки дар чунин як кишвари зебо умр ба сар бурда, дониш меомӯзанд ва ҳамеша мавриди ғамхорию парастиши Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Дар ҳамин ҷо пас аз мулоқоти гарму самимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони мактаб - интернатҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ, Мактаб - интернати мусиқии махсуси ба номи Миратулло Атоев ва ансамбли рақсии кӯдаконаи Лаъл барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид, ки писанди ҳозирин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520