Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

24.10.2005 14:30

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов, гурӯҳи мушовирони давлатӣ, Вазири амният ва Вазири маорифи мамлакат, раисони кумитаҳои кор бо ҷавонон, оид ба корҳои занон ва оила, оид ба корҳои дин, мудирони шӯъбаҳои илм ва маориф, фарҳанг, мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷараёни татбиқи амалии барномаҳои рушди соҳаи маориф ва мушкилоти таълиму тарбияи насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар оғози машварат гузориши вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов доир ба вазъи имрӯзаи соҳаи маориф ва ҷараёни таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ шунида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи корҳоро дар системаи мактабу маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар шароити рушду нумӯи имрӯзаи иқтисодию иҷтимоии кишвар бо назардошти имкониятҳои илмию истеҳсолӣ ва технологие, ки солҳои наздик дар ҷумҳурии мо ба даст меоянд, масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, омӯзиши ҳамаҷонибаи илмҳои дақиқ, компютер, забонҳои хориҷӣ, азхудкунии технологияҳои ҳозиразамони иттилоотию истеҳсолӣ ва умуман омода кардани кадрҳои сатҳи байналмилалӣ ба ҷои аввал мебарояд.

Аз ин хотир аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.    

Аз ҷумла дар давоми солҳои 2000-2004 202 муассисаи маориф таъмир ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуданд. Маблағгузории соҳаи маориф ҳар сол ба ҳисоби миёна 70-80 фоиз зиёд мешавад, маоши муаллимон ва стипендияи донишҷӯён низ мунтазам баланд бардошта мешавад. Солҳои охир хонандагону донишҷӯён ба ҷамъоварии пахта ва дигар корҳои саҳроӣ умуман ҷалб карда намешаванд.

"Бо вуҷуди ин, - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ умуман ба талаботи замон мувофиқ нест".

Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи мактабу маорифи ҷумҳурӣ ва фаъолияти ректорони муассисаҳои олии таълимиро сахт зери танқид гирифта, ба вазири маориф, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои кор бо ҷавонон, оид ба корҳои занон ва оила, оид ба корҳои дин, раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориши қатъӣ дод, ки то 24 ноябри соли 2005 аз нишондодҳои ҷараёни таълиму тарбия дар ҳама муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ аз боғчаи бачагона то мактаби олӣ гузориши муфассал таҳия намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баррасӣ пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520