Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад

11.06.2024 18:10, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад 11.06.2024

11 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.

“Мо таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии роҳбарияти олӣ ва Ҳукумати Малайзияи ба мо дӯстро аз иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим қадр мекунем.

Малайзияро яке аз шарикони муҳим ва дӯсти боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонем” изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо зимни баррасии маҷмуи масоили ҳамкорӣ алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстонаву судманд дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ изҳор доштанд. 

Ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ, сармояву инноватсионӣ, маориф, робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ аз омилҳои муҳимми тақвиятбахши муносибатҳои ду кишвар номида шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520