13 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Дон Пал эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ли Дон Пал, ки баъди маросими қабули эътимоднома доир гашт, масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
"Барои рушди бештари муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд ва мо умедворем, ки халқҳои мо барои инкишофу шукуфоии кишварҳои худ ҳамкории пурсамар ба роҳ мемонанд", - изҳор дошт зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри инкишофи муносибатҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш таъкид намуданд.