Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон

22.05.2024 21:08, Эрон

22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, фарҳанг, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, директори Агентии содирот, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардорони хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, иҷро ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520