Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ

24.05.2007 15:00

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳадафи мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо - фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар, ки роҳбариву роҳнамоии мардумро дар маҳалҳо ба зимма доред ва ҳамеша шарики ғаму шодии онҳо мебошед, аз он иборат аст, ки масъалаи ба тартибу низоми муайян овардани расму оинҳои миллӣ ва маросимҳои диниро бори дигар мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Ва хулосаҳои худро аз ин мулоқот, инчунин санадҳои қабул кардаамонро ба тамоми мардуми Тоҷикистон эълон карда, онҳоро ба роҳи рост ва худдорӣ кардан аз ҳар гуна сарфу хароҷоти беҳуда ҳангоми гузаронидани маъракаҳо раҳнамоӣ созем.

Ҳарчанд ки ин масъала ҳашт сол пеш муҳокима шуда, дар ин замина санадҳои махсуси Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардиданд ва Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфта, як тавсиянома низ ба тасвиб расида буд, вале маъракаороии мардум аз доираи меъёрҳои одоб ва ахлоқи исломӣ торафт дур рафта, имрӯз дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат, ки беш аз нисфи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, монеаҳои ҷиддӣ эҷод карда истодааст.

Ин кор дар ҳоле идома ёфта истодааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумат ғамхорӣ дар ҳаққи халқ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон аст.

Дар ин самт соли гузашта татбиқи Ҳуҷҷати аввали Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба охир расид. Тавре ки чанде пештар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намудам, ба хотири таъмини рушди бонизоми иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумат ду барномаи муҳим - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 таҳия гардида, ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод карда шуд.

Албатта, барои татбиқи барномаҳои зикршуда сарфи маблағҳои калон пешбинӣ мегарданд. Вале дар айни замон мо бояд як нуктаро донем, ки то расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.

Воқеан, қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад. Яъне рафтори бисёр оилаҳо - хоҳ доро бошанд, хоҳ нодор, мақоли халқии "бо сӯзан ҷамъ кардану бо шоха ба бод додан"-ро мемонад.

Мехоҳам хотирнишон намоям, ки мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ва ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем.

Расму оин ва анъанаву маросимҳо яке аз шаклҳои муҳимтарини шуури ҷамъиятии ҳар як миллату ҷомеа мебошанд.

Миллати куҳанбунёди мо вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии худ аз замонҳои хеле қадим расму оин ва анъанаҳои неку писандидаро эҷод карда, тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додааст ва онҳо имрӯз ба як ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд.

Расму оинҳои мардуми мо асосан дар доираи ду тамаддуни таърихӣ - ориёӣ ва исломӣ ташаккулу такомул ёфтаанд. Қисми бештари анъанаву суннат, расму оин ва ҷашну маросимҳои халқие, ки имрӯз дар байни мардуми мо маъмуланд, маҳсули марҳилаи исломист.

Аксарияти ин маросимҳо ҳамчун як рукни фарҳанги миллии мо шинохта шудаанд, вале бо мурури замон ва таҳти таъсири омилҳои гуногун ба тағйироти шакливу маъноӣ дучор шуда, бештар моҳияти зиёфат ва таъом додану таъом хӯрданро ба худ гирифтаанд. Яъне онҳо имрӯз аслу мақсади асосиашонро то андозае гум кардаанд.

Ва чунон ки мебинем, ҳоло маҳз ҳамин омил ҷаҳонбинӣ ва маърифати мардуми моро таҳти таъсир қарор дода, боиси зоҳирпарастӣ ва исрофкории аз ҳад зиёд шуда истодааст.

Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Аз ин хотир, мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем, муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии фарҳангу тамаддуни миллӣ ҳифз карда, ҳамаҷониба инкишоф диҳем ва анъанаву маросимҳои қадимаи халқамонро чун сарчашмаи нодиру гаронбаҳо пеш аз ҳама дар тарбияи наслҳои ҷавон васеъ истифода барем.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки мо расму оинҳоро дар сурате ба як низоми муайян оварда метавонем, ки аслро аз бадал фарқ намоем ва ба арзишу моҳияти воқеии онҳо дуруст сарфаҳм равем.

Мушкилот дар он аст, ки танҳо оростани зиёфат ва хӯрдани таом ҳамчун ҳадафи ниҳоии ҳамаи иҷрокунандагони маросимҳои милливу мазҳабӣ қарор гирифтааст ва ҳамин ҷиҳат маънои аслии суннату анъанаҳои неки мардумиро то андозае коҳиш додааст. Ҷашну маросимҳо бояд омили муайянкунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифати инсонӣ, шуури милливу мазҳабӣ, ваҳдату ягонагӣ ва солимии ахлоқиву ҷисмонии мардум бошад.

Эҳтироми инсон, пос доштани хотираи гузаштагон ва таҳкими пайвандҳои хонаводагӣ бояд аслу асос ва ҷавҳари онҳоро ташкил диҳад. Зеро мантиқу ҳикмати баргузории маросимҳо дар лаҳзаҳои шодиву хурсандӣ ва ғаму андӯҳ дар паҳлӯи якдигар будани пайвандону наздикон мебошад. Ин фалсафа ҳамзамон ҳадафи барпо намудани маросимҳоро низ муайян месозад.

Дар чунин ҳолат ва бо риояи тартибу андозаи муайян расму оинҳо метавонанд ҳамчун унсури муҳимтарини тарбияи ахлоқии мардум, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо шинохта шаванд, дар муттаҳид сохтани ҷомеа ва пешрафти давлат нақши арзанда дошта бошанд.

Вале мутаассифона, вазъи имрӯзаи гузаронидани маросимҳои хурсандиву мотам бисёр ташвишовар аст. Бинобар густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст будани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр расму оинҳои миллӣ ва таомулҳои динӣ, ки бояд дар доираи як хонавода ва наздикони он сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфтаанд.

Мо хуб мефаҳмем, ки баргузор намудани маросимҳо ба як қатор омилҳои эътиқодӣ, арҷ гузоштан ба меъёрҳои ахлоқӣ, одаму одамгарӣ, нангу номус, хиҷолат аз бадгӯии дигарон ва фишори атрофиён вобаста аст.

Гузашта аз ин, бояд гуфт, ки барои аксарияти одамон риояи чунин маросимҳо ҳамчун нишонаи мусулмон будан арзёбӣ мегардад. Чунонки олимон ва мутахассисон собит кардаанд, ҳоло мусулмонии мардуми кишвари мо бештар хусусияти маросимиву маишӣ касб намуда, арзишҳои эътиқодиву ибодатӣ ба навбати дуюм гузаштаанд.

Ин чунин маънӣ дорад, ки аксари мардуми мо ба масъалаи шинохти бояду шояди усули дин ва тибқи аҳкоми дини ислом амал намудан камтар таваҷҷӯҳ доранд.

(Як қисми одамон фарзу суннатҳои ибодатро иҷро намекунанд, вале инро нишонаи номусулмонӣ намеҳисобанд).

Аммо тибқи расму одатҳои бидъат, яъне падидаҳои нави нораво, ки дар ҷомеаи мо маъмул гаштаанд, амал накарданро нишонаи аз ислом дур шудан, эҳтиром накардани суннатҳои ниёгон ва рафтори ғайримусулмонӣ ё ин ки ғайришаръӣ мешуморанд.

Вобаста ба ин, ҳаёти аксарияти мардуми мо бо гузаронидани силсилаи маросиму маъракаҳои пайдарпай сипарӣ мегардаду онҳо доир ба мазмуну моҳияти аслии зиндагӣ ва рисолати инсонии хеш кам фикр мекунанд.

Масалан, аз вақти таваллуд то ҳафтсолагии фарзанди худ падару модарон як силсила чорабиниҳои хурсандиро, ба монанди гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон ва хатнатӯй мегузаронанд, ки дар асл мазмуни хонаводагӣ доранд, вале солҳои охир онҳо аз доираи оила берун баромада, вусъати торафт бештар касб кардаанд ва ба исрофкории маҳз табдил ёфтаанд.

Дар баробари ин, маъракаҳои мазкур одатан аз маслиҳату машварат оғоз ёфта, сатҳи баргузории онҳо аз маслиҳатгарон вобастагии калон дорад.

Пештар ин расм бо даъват намудани пайвандони наздик ва ду-се нафар пирони рӯзгордида сурат мегирифт, ҳоло бошад бо номи маслиҳатошӣ ба як тӯйи дигар табдил ёфтааст, ки даъватшудагони он на камтар аз 100 нафарро ташкил медиҳанд. Илова бар ин, дар ду маросими асосӣ, яъне оши наҳор ва зиёфат қариб ҳазор нафар иштирок мекунанд.

Ҳадафи асосии ташкилкунандагони чунин маъракаҳо худнамоӣ ва намоишкорӣ буда, онҳо бо ин роҳ мехоҳанд сарвату ҳашаматашонро нишон диҳанд.

Дигарон, аз ҷумла одамоне низ, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, ба онҳо тақлид карда, қарзҳои калон мегиранд ва барои баргардонидани он солҳои дароз заҳмат мекашанд.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки яке аз омилҳои асосии бодабдаба ва серхарҷ доир гардидани ҷашну маъракаҳо ташаббуси бевоситаи занҳо мебошад. Рӯзи таваллуд, гаҳворабандон ва мӯйсаргирони тифл, ки ҳанӯз ақлу фаҳми комил надорад, дар ошхонаву тарабхонаҳо баргузор карда мешаванд.

Падару модарон бо ин кори худ аз кӯдакӣ дар зеҳну шуури фарзандонашон чунин амали нописандидаро ҷой мекунанд. Аммо баъзе модарон ба шавҳарони худ намегӯянд, ки ба фарзандашон дар навбати аввал хӯроки серғизо муҳайё намоянд, сару либос ва китобу асбоби хониш харидорӣ кунанд, то ки ақлу фаросати кӯдакон такомул ёфта, ҳамчун фарди тарбиятдида ва донишандӯхта ба камол расанд.

Ба ибораи дигар, чунин падару модарон масъалаи инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонии фарзандони худро кори дуюмдараҷа мешуморанд.

Мо кӯшиш карда истодаем, ки дар кишварамон насле ба камол расад, ки соҳиби дониши муосир, ҷаҳонбинии васеъ, ихтисоси баланд, забондон ва соҳибмаърифат бошад, дар арсаи байналмилалӣ аз давлату миллати худ намояндагӣ карда тавонад, барои тараққиёту ободии Ватани азиз ва сарзамини аҷдодии худ содиқона хизмат намояд.

Вале аксарияти оилаҳои кишвари мо пойбанди хурофот ва зоҳирпарастӣ шуда, ба ҷои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзанди хеш суннати оилавӣ ва оддии хатнаро бо иштироки меҳмонони зиёд ба тӯйи пурдабдаба табдил медиҳанд.

Дар шаҳрҳо онро бо хароҷоти зиёд дар тарабхонаҳо ва дар деҳот баъзеҳо бо бузкашиву мусобиқаи гӯштингирӣ мегузаронанд.

Ҳол он, ки таомули хатнаи писар барои мусулмонон ҳамчун яке аз суннатҳои пайғамбари ислом Муҳаммади Мустафо боқӣ монда, вобаста ба он гузаронидани ягон хел чорабинӣ фармуда нашудааст. Мувофиқи фиқҳи ҳанафии шариати ислом ва тибқи анъанаҳои аҷдодӣ низ он як амали маъмулӣ буда, харҷу сарфи зиёд ва доир кардани маросимро тақозо намекунад.

Дар аксари кишварҳои арабӣ ва Эрону Афғонистон, Покистон амали мазкур дар давоми аз 8 то 40-рӯзагии фарзанд бе ягон ҷашну маърака анҷом дода мешавад, ки ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам саломатӣ зиёновар нест. Суоле ба миён меояд, ки пас чаро мардуми мо ин суннати оддиро ҳамчун маросим қабул карда, хароҷоти беҳуда мекунанд?

Албатта, фарзанд беҳтарин неъмати худодод ва барои падару модар бахти бузург аст. Вазифаи муқаддаси падару модар, пеш аз ҳама, тарбия намудани фарзанди баодоб, хушахлоқ ва ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Вале барои мардуми мо баробари ба дунё омадани фарзанд гузаронидани даҳҳо маросиму оинҳои даркору нодаркор ва кашидани бори хароҷоти беҳуда расм шудааст.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омор барои гузаронидани маросимҳои хатнатӯй, ки шумораи онҳо ба ҳисоби миёна дар як сол ба сад ҳазор мерасад, зиёда аз 300 миллион сомонӣ маблағ хароҷот шуда, қариб 200 ҳазор сар чорвои калону майда забҳ карда мешавад.

Маросимҳои ақди никоҳ низ аз ҳад гузаштаанд ва онҳо боиси мушкилоти падару модарони навхонадорон, инчунин ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани бисёр шаҳрвандони мо, пеш аз ҳама ҷавонон шудаанд.

Илова бар ин, ақди никоҳ аз як силсила маросимҳо, аз ҷумла хостгориву ноншиканон, фотиҳатӯй, сандуқбарон, сарупобинон (дар баъзе ноҳияҳо ҳатто барои намоиши либоси домод), ордбезон, чойгаштаки духтарон, базми дӯстони домод, ақди никоҳи давлатӣ ва динӣ, оши наҳор аз ду тараф, тӯйи хоса дар тарабхона, келинфуророн, рӯйбинон, домодталабон, қудоталабон, рӯғанрезон, духтарбинон ва боз чандин анъанаҳои додугирифти беҳудаву серхароҷот ва миёншикан иборат мебошад, ки на ҳар оилаи тоҷик қудрати гузаронидани онҳоро дорад.

Дар ин ҷо савол ба миён меояд: оё барои ба ҷо овардани ҳамаи чорабиниҳои номбаршуда, ки мардуми мо онҳоро ҳамчун расму оин қабул кардааст, ягон зарурате ҳаст?

Дар кишвар фонди умумии музди меҳнат дар соли 2007 1,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки аз он қариб 500 миллион сомонӣ ба соҳаҳои буҷетӣ рост меояд.

Имрӯз музди миёнаи меҳнати кормандони мақомоти идоракунӣ 204 сомонӣ, илм - 135, маориф - 106, саноат - 265, нақлиёт - 320, сохтмон - 335, алоқа - 350 ва кишоварзӣ 36 сомонӣ мебошад.

Дар чунин шароит чаро мо чорабиниҳои зоҳирпарастона, ба монанди чойгаштаки духтарону базми дӯстони домод, оши наҳору рӯйбинон, домодталабону қудоталабонро ба маросимҳои миллӣ нисбат дода, иҷрои онҳоро ҳатмӣ медонем? Бо маошу нафақаи миёнае, ки имрӯз мардум мегиранд, ин хароҷотро аз кадом ҳисоб ва барои кӣ мекунем?

Инро ҳама медонанд, ки 10-15 сол пештар баъзеи онҳо умуман вуҷуд надоштанд.

Масалан, маросими домодталабон, ки хоси сокинони як қатор маҳалҳои вилояти Суғд ва баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлону тобеи марказ буда, солҳои охир бо иштироки то ҳазор нафар даъватшаванда баргузор мегардад, падидаи нав мебошад.

Мувофиқи расму оинҳои миллӣ он як таомули оддии миёни ду оила аст ва ба маъракаороии калон умуман эҳтиёҷ надорад. Дар бораи моҳият ва сабаби даъвати одамони зиёд дар чунин маъракаҳо касе чизе гуфта наметавонад.

Моҳияту маънои асосӣ аз баргузор кардани ҷашни арӯсӣ хушбахтӣ ва саодатмандии ду нафар ҷавон мебошад. Вале бо вуҷуди ин, аз ҷониби хонадони арӯс рӯйхати миқдори зиёди сару либоси қиматбаҳо барои арӯс ва хешу табори ӯ пешниҳод мегардад, ки омода кардани он барои аксари мардум бисёр душвор аст.

Албатта беҳтар аст, ки ба ҷои ин амали беҳуда ва як ҳафта дастурхон оростан падару модари арӯсу домод ба фарзандонашон ашёву ҷиҳози зарурии рӯзгорро фароҳам оваранд, то ин ки онҳо дар қадамҳои аввали зиндагӣ ба мушкилот рӯбарӯ наоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар кишвар дар як сол ба ҳисоби миёна зиёда аз 60 ҳазор тӯйҳои хонадоршавӣ баргузор мегарданд. Танҳо барои гузаронидани ин чорабиниҳо зиёда аз 300 ҳазор сар чорвои калону майда забҳ карда мешавад ва хароҷоти умумиашон 770 миллион сомониро ташкил мекунад.

Ҳама хуб медонад, ки ақди никоҳ маросими шодиву хурсандӣ аст ва ҳар як ҷавон ва ҳар падару модар орзу дорад ба ин рӯзи мурод расад. Вале он набояд ба минбари худнамоӣ ва ба даст овардани обрӯву эътибори сохтаву дурӯғин табдил дода шавад.

Воқеан мардум дуруст мегӯяд, ки ташаббускори тамоми маъракаороиҳои беҳудаву серхароҷот асосан мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ, тоҷирону соҳибкорон, инчунин қисме аз ходимони дин мебошанд.

Онҳо ҳоло бо мақсади худнамоӣ таҷлили зодрӯзро низ ба расму оин табдил доданианд. Зеро солҳои охир ҷашни рӯзи таваллуд, ки умуман хоси миллати мо нест, аз ҷониби онҳо ба ҳукми як тӯйи дигар даромада, воситаи ҷамъоварии тӯҳфаҳои гаронбаҳо гардидааст.

Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки таҷлили синни мубораки олимону шоирон, нависандагону санъаткорон ва кормандони шоистаи идораҳои давлатӣ дар доираи як маҳфили илмиву адабӣ мувофиқи мақсад аст.

Гузашта аз ин, баргузор кардани зиёфатҳои бодабдаба ба муносибати гирифтани рутбаву унвонҳо, мукофотҳои давлатӣ, дипломҳои мактаби олӣ, ҳимояи рисолаи номзадӣ ва докторӣ низ ба расмият даромадааст, ки худнамоии маҳз аст.

Тавре ки қаблан таъкид карда будам, бо ташаббуси мураббияҳо ва муаллимони мактабҳои миёна таҷлили баъзе санаву чорабиниҳои таълимӣ низ аз доираи мактабҳо берун баромада, бо ташкили зиёфату нишастҳои хоса ҷашн гирифта мешуданд.

Ин чорабиниҳо аз боғчаи кӯдакон бо номи "Хайр боғча" оғоз ёфта, бо "Занги охирин" дар мактабҳо анҷом меёфтанд ва барои падару модарон мушкилоти зиёд эҷод мекарданд. Ҳоло дар ин бобат тадбирҳои мушаххас андешида шуда, онҳо тадриҷан дар амал татбиқ карда мешаванд.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки дар бобати баргузор кардани чорабиниҳои давлатӣ, ҷашнҳои касбӣ, ташкилоту корхонаҳо, тадбирҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки боиси хароҷоти беҳудаи маблағҳои буҷет мегарданд, низ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.

Барои аз ҷониби мансабдорону хизматчиёни давлатӣ қатъиян риоя гардидани меъёрҳое, ки муқаррар мешаванд ва манъ кардани иштироки онҳо дар маъракаҳо дар вақти корӣ ва истифодаи мошинҳои хизматӣ ман аллакай супориши қатъӣ додам.

Дар сурати риоя нагардидани ин супориш баробари ҷавобгарӣ аз вазифа сабӯкдӯш намуданро низ муқаррар намудем.

Ғайр аз ин, бо мақсади пешгирӣ кардан аз истифодаи ғайримақсадноки бинову иншоот ва автомашинаҳои хизматии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳо барои гузаронидани расму оин, маърака ва маросимҳо низ манъ карда шуд.

Бо дарназардошти ин ҳама, мехоҳам таъкид намоям, ки ба хотири манфиати умумии мардуми Тоҷикистон мо бояд тамоми имкониятҳоро истифода намоем, то ин ки пеши роҳи исрофкорӣ ва маросимҳои серхароҷот дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин гирифта шавад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Мо - тоҷикон таърихи бисёр ғанӣ ва ибратомӯз дорем. Мероси фарҳангии мо беҳамто ва таърихи тамаддунамон барои ҳама намунаи олӣ аст. Бо вуҷуди фарозу нишебиҳои бисёри худ арзишҳои давлатдории тоҷикон дар таърихи фарҳанги сиёсии миллӣ ва ҷаҳонӣ мақом ва аҳамияти хоса доранд.

Бояд зикр кард, ки нақши мардуми мо дар таҳаввул, рушд ва густариши тамаддуни исломӣ низ ниҳоят бузург ва арзишманд мебошад. Ниёгони мо натанҳо дар соҳаҳои илму адабу таъриху фалсафа, балки дар таҳқиқ ва эҷоди бахшҳои гуногуни улуми динӣ, бахусус тафсири Қуръони маҷид, ҳадис, илмҳои калом ва фиқҳ аз пешоҳангони тамаддуни исломӣ буданд.

Шахсиятҳои барҷастае чун пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Абдураҳмони Нисоӣ, Абӯмансур Мотуридӣ, Наҷмиддини Насафӣ, Замахшарии Хоразмӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Баҳоуддини Нақшбанд, Шайх Наҷмиддини Кубро, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва садҳо нафар мутафаккирону муфассирон ва орифону олимони дигар аз ҷониби ҳамаи фирқаву мазҳабҳои исломӣ эътироф шуда, сарзамини худро ба маркази илму ирфон ва дини ислом табдил додаанд.

Дин дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ яке аз рукнҳои асосии маънавиёту фарҳанги гузаштаву имрӯза, нерӯи тавоно ва мафкураи оммавӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, дин бонуфузтарин шакли шуури ҷамъиятӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо, ки ҳоло эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифтаем, нисбат ба чигунагии шуур ва сатҳи маърифати динии шаҳрвандони кишвари худ бетараф буда наметавонем.

Зеро таҳлилу мушоҳидаҳо собит месозанд, ки бо сабаби дар сатҳи паст қарор доштани маърифати динӣ мардуми мо ба зиёдаравиҳои беҳуда роҳ дода, бо ин рафторашон дар зиндагии худ душвориву мушкилоти сунъӣ эҷод менамоянд.

Дар шароити имрӯза бояд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда мақсаднок ва самаранок истифода бурда шавад. Бархилофи арзишҳои миллӣ ва динӣ сарф кардани маблағ ё захираҳои моддӣ ҳам зиёни иҷтимоӣ ва ҳам гуноҳи динӣ аст. Як зарра аз дороии худро беҳуда сарф кардан исроф аст. Ва Худованд исрофкоронро дӯст намедорад.

Исроф аз ҷумлаи гумроҳиҳои бадтарин буда, аз дуруст нашинохтани худ оғоз мешавад. Ҳақро аз ботил ва ҳаромро аз ҳалол фарқ бояд кард. Миллати тоҷик ҳаққи худшиносии комил дорад. Худшинос будан на ба зарари худ ва на ба зарари дигарон кору зиндагӣ кардан аст.

Дар ин росто худшиносии таърихии мо, бешубҳа, аҳамияти ҳаётӣ дорад. Дар ҳақиқат, шинохти таърихи худ ва аз он сабақ бардоштан барои ташаккули ҳуввияти мо бисёр зарур аст. Тамоми ҷузъиёти таърих ҳам барои ҷустуҷӯву тақвияти идеалу ормонҳо ва ҳам барои гирифтани сабақу ибратҳо арзишманд мебошад.

Мо аз гузаштаи худ бояд фарҳанги сарфакориро омӯзем. Мероси фарҳангии миллати тоҷик пур аз андарзу ҳикматҳои зидди исрофкорист. Дину оини бостонии аҷдодиамон ҳам фарҳанги сарфакориро таблиғ намудааст.

Дини мубини ислом мубориза бар зидди нафси исрофкорро ҷиҳоди ахлоқиву фарҳангӣ, яъне ҷиҳоди акбар эълон доштааст. Бадтар аз ҳама он кас аст, ки исломро ба нафси исрофкори худ истифода карда, ин амали зиштро бо ҷомаи динӣ ороиш медиҳад. Исроф бояд ҳамчун исроф шинохта шавад. Онро набояд бо номҳои садақоту хайрот ороиши динӣ дод.

Аммо таассуфовар аст, ки маросимҳои динии мо солҳои охир ба зиёфатҳои бодабдаба табдил ёфтаанд ва имрӯз дастархони маъракаҳои азодорӣ аз хурсандӣ кам фарқ мекунад. Ба маросимҳо, махсусан маросимҳои динӣ зиёфатҳои хоксоронаи рамзӣ хосанд.

Дар замони шӯравӣ дин озодии комил надошт. Давраи истиқлолият ҳуқуқ ва озодиҳои мардумро васеъ намуд ва дин аз ҳар гуна монеаҳои идеологӣ озод гардид. Ба ҳиссиётҳо ва талаботи динии одамон эҳтироми хоса эҷод гардид.

Дар маросимҳо даъвату таблиғоти динӣ озодона анҷом мепазирад ва нақшу мавқеи ходимони дин васеъ гардида, даъвати динӣ барои хайроту садақот кардан қувват мегирад.

Чунин раванди инкишофи маросимҳо хоҳу нохоҳ доираи маъракаҳои диниро васеъ ва шумораи иштироккунандагони онҳоро аз ҳад зиёд кардааст.

Вале аксари иштироккунандагони маросимҳо аз моҳияти ахлоқӣ ва фарҳангии дини ислом бехабару ноогоҳанд. Одобу аҳкоми сарфакориро намедонанд.

Маросимҳо ва зиёфатҳо айни як чиз дониста мешаванд. Аксарияти мардум бештар ба худи маросимҳо не, балки ба зиёфатҳо таваҷҷӯҳ доранд. Ва ё ин ки иштироки худро дар маросимҳои динӣ аз рӯи анъанаи гузаштагон ва эҳтироми шахсӣ ба соҳибони маросим зарур медонанд.

Маросимҳои динӣ бояд дар доираи аҳкоми шариати исломӣ сурат гиранд. Вале ин зиёфатҳои бодабдаба "хайрот" эълон карда шуда, ҷои маросимҳоро расми "мурдаро монда, тутхӯрӣ кардан" гирифтааст. Ин ҳам аз рӯи ақидаи динӣ ва ҳам аз рӯи ахлоқи инсонӣ дуруст нест.

Маросимҳо бояд ҷои дуо ба хотири талаби раҳмати Худо барои майит бошад. Дар маросимҳои азодорӣ асл ҳамин аст. Ғайр аз ин, маросимҳо набояд минбари даъвату таблиғот бошанд.

Инчунин вақте ки танзими маросимҳои динӣ мегӯем, эҳтироми холисонаро ба маросимҳои исломӣ дар назар дорем.

Маросимҳо, махсусан маросими ҷаноза набояд саҳнаи рақобати ходимони дин бошанд. Ба ибораи дигар, ходимони дин бояд ба дин хидмат намоянд ва бо номи дин барои худ обрӯю эътибори сохтаву дурӯғин ҷустуҷӯ накунанд. Аз ҷумла, дар намози ҷаноза пеш даромадан набояд барои тамаъи дунё, балки танҳо барои савоб ва аҷри охират бошад.

Маросимҳо набояд сарчашмаи тамаъ ва кинаву адоват гарданд. Берун аз моҳият ва қоидаи маросим рафтор кардани пешвоёну ходимони дин ва иштироккунандагони он ҳам ба шариати исломӣ ва ҳам ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намекунад.

Соли гузашта дар Тоҷикистон дар давоми як сол то 30 ҳазор маросимҳои фавт гузаронида шудааст, ки дар онҳо беш аз 200 ҳазор чорвои калону майда забҳ гардид. Маблағи умумии ин чорабиниҳо зиёда аз 250 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Оё ба шариати исломӣ ва фарҳанги умумибашарии он исроф дар маросимҳо мувофиқ аст? Оё муносиб аст, ки рӯз ба рӯз маросимҳои нав эҷод карда, онҳоро барои мардум ба мусибати дигар табдил диҳем?

Боиси таассуф аст, ки пешвоёну ходимони дин ба баъзе бидъатҳои маросимӣ бо сабабҳои номаълум ҳамчун хайрот асоси шаръӣ дода истодаанд. Ман мефаҳмам, ки масалан маросими ҷаноза чӣ аҳамият дорад. Ислом инсонро, чи зинда бошад ва чи фавтида, азизу мукаррам меҳисобад. Аз рӯи ақидаи исломӣ, инсонро ба роҳи охират гуселонидан, ба рӯҳи ӯ намоз гузоштан, дуо намудан ва ғайра аз воҷиботи зиндаҳо, пеш аз ҳама аҳли майит мебошад.

Аммо бо номи "оши саритахтагӣ" зиёфат оростан амали басо ношоиста аст. Аз рӯи инсофу ҳусни ҳамсоядорӣ барои соҳибони майит пеш аз ҳама ҳамсоягон ва наздикони онҳо метавонанд таъом тайёр намоянд. Агар аҳли майит барои одамон таъом пухта диҳанд, дар шариат ин кор макрӯҳ дониста мешавад, ки тарки он савоб аст.

Дар ҳақиқат, амали аз ҷониби аҳли майит тайёр карда шудани таъом аз рӯи ахлоқи инсонӣ низ дуруст нест. Агар чунин зиёфат макрӯҳ бошад, пас додани қолини пешнамоз низ хилофи шариат аст.

Мардуми мо тибқи эътиқоди динии худ маросими "себегоҳа" ё "бегоҳи се" доранд, ки он низ ба як кори зишт табдил ёфта, дар он зиёфати бодабдаба додан маъмул гаштааст.

Мувофиқи шарҳе, ки уламо медиҳанд, одамон аз рӯи васияти майит, аммо ба ихтиёри худ таъом пухта, онро ба ятимон ва камбизоатон мебахшиданд. Бо мурури замон одат шуд, ки фақиронро ба манзили аҳли майит даъват намуда, таъом медоданд. Ин кор, бешубҳа, амри хайр аст. Лекин тавре ки мебинем, он тадриҷан ба як амри зишт ва зиёфате табдил ёфтааст, ки ба он шахсони номдор, сарватмандон, умуман одамони зиёдро даъват менамоянд.

Маросимҳои "ҳафт", "чил" ва "сол" низ тадриҷан ба маъракаҳои серхароҷоту миёншикан мубаддал шуда истодаанд.

Аммо ҳама бояд як чизро донанд: хайру садақоте, ки дар ин рӯзҳо карда мешаванд, ба ин маросимҳо робитаи шаръӣ надоранд ва дар ин шакл онҳоро ғайр аз исроф ва амали зишт дигар хел номидан хатост. Мусаллам аст, ки хайру садақот замону макони махсуси худро надоранд ва онҳо ҳаққи ниёзмандону фақирон ва ятимону бенавоён мебошанд. Агар ин хайру садақот ба ҳақдорони худ расанд, дар савоб бурдан аз онҳо шакку шубҳа нахоҳад буд ва дуои неки ниёзмандон бо инояти Парвардигор сабаби мағфирату шафоати рафтагон хоҳад шуд.

Ман итминон дорам, ки яке аз сабабҳои чунин раванди манфӣ гирифтани маросимҳо ба мардум нодуруст фаҳмонидани моҳияти динии онҳо мебошад.

Садақот аз рӯи моҳияти худ метавонад ба рафъи камбизоатӣ мусоидат намояд. Чунонки мебинем, дар ҷомеаи мо баръакс шудааст: садақот камбизоатиро ба вуҷуд оварда, шароиту вазъияти иҷтимоии одамонро мураккаб месозад.

Бо маросимҳо алоқаманд кардани садақот усулан хато аст. Ин одати манфӣ на фақат ба тафаккури мардуми оддӣ хос аст, балки қисми зиёди ходимони дин низ чунин фикр мекунанд.

Онҳо зиндагии мардумро ба ҳамин маросимҳо тобеъ сохтанианд. Баъзе пешвоёну ходимони дин бошанд, ба маросимҳо тобишҳои мафкуравӣ бахшида, ба воситаи онҳо ғаразҳои идеологӣ ва сиёсии худро пеш мебаранд. Дар ин ҷо мардуми оддӣ айб надорад.

Имрӯз сарфакорӣ, истифодаи мақсадноку самараноки имкониятҳои молию пулии ҳар як фард, ҳар як оила ҳукми зарурати ҳаётиро гирифтааст. Дар шариат чӣ ҳукм доштани заруратро пешвоёни дин хуб медонанд.

Мо бояд маросимҳои мардумиро ба танзим дароварем ва ҳаёти маросимии худро аз чанголи исроф раҳо намоем. Дар ин ҷо, албатта, нақши ходимони дин бисёр калон аст.

Ҳидояту роҳнамоии дурусти мардум, махсусан доир ба камхарҷу сабук гузаронидани маросимҳои динӣ бояд вазифаи бевоситаи пешвоёну ходимони дин бошад. Онҳо бояд ба мардум фаҳмонанд, ки хайроти маросимӣ чӣ асту садақот чист.

Ҳама медонанд, ки дар ислом маслиҳат ё манфиати омма асл аст ва манфиатҳои фардиву хусусии одамон бояд дар доираи манфиати омма ба назар гирифта шаванд. Исрофи шахсони алоҳида, хоҳ дар маросимҳои динӣ ва хоҳ ғайридинӣ, ҳаргиз ба манфиати омма нест.

Аммо имрӯз хароҷоти маросимҳо ба осоишу суботи ҷомеа таҳдид намуда истодааст. Мо мехоҳем исрофро, ки дар ислом ҳаром аст ва барои имрӯзу фардои пешравии кишвар таҳдид дорад, бартараф намуда, масрафҳои маросимиро ба ҳадди эътидол биёрем. Нагузорем, ки пулу моли мардум ғайримақсаднок сарф гардад.

Барои маъракаҳои бодабдаба ҳеҷ кас раҳмат намегӯяд. Баръакс, онҳо ҳасад ва кинаву нафрати мардумро эҷод менамоянд.

Аз рӯи ақидаи исломӣ ҳар кас бояд дар талаби ризқу рӯзии ҳалол бошад. Вобаста ба ин, Худои таъоло дар Қуръони азимушшаън борҳо ин мавзӯъро таъкид кардааст. Аз нигоҳи ислом аз касби ҳалоли худ зиндагӣ кардан ба ҳама тааллуқ дорад, ҳатто ба пайғамбарон. Аз ин ҷост, ки ҳамаи пайғамбарон соҳибпеша будаанд ва аз пешаи худ касби маош мекардаанд.

Чунончи ҳазрати Одам кишоварз буданду Нӯҳ дуредгар, Идрис дӯзанда, Солеҳ тоҷир, Довуд зиреҳбоф, Сулаймон сабадбоф, Мусову Шуъайбу пайғамбари ислом Муҳаммади Мустафо ба касби чӯпонӣ машғул буданд.

Модом ки дин касб набудаасту пайғамбарон хидмат ба динро мояи ризқу рӯзӣ қарор надодаанд, пас чӣ ҷои сухан аз дигарон, хусусан домуллоҳо, ки ин амри Худоро дониста ва ё надониста иҷро намекунанд.

Зиёда аз он, моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми сафари расмӣ ба Мисри Араб ман шоҳиди он будам, ки донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи исломии ал-Азҳар баъди гирифтани таҳсилоти динӣ дарк кардаанд, ки дин касб нест ва аз ин лиҳоз аз мо дархост намуданд, то барои касбомӯзии онҳо дар донишгоҳҳои Миср бурсияҳои таълимӣ ҷудо кунем.

Пас ризқ ҷустан ва меҳнатро восита кардан қонун ва ҳам амри Парвардигор аст.

Дар ин бобат Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ хеле ба маврид фармудааст:

Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,

Касб кун, пас такя бар ҷаббор кун.

Дар рӯзгори мо яке бо номи садақот ба исроф машғул шуда, дабдаба мекунад, ҳасаду нафрати ҷомеаро эҷод менамояд. Дигаре "ризқро Худо медиҳад" гуфта, ба меҳнати самаранок машғул намешавад. Алҳол мебинем, ки исрофкории мо дар маъракаҳои мардумӣ чи қадар паҳлӯҳои зиёд доштааст.

Бо дарназардошти ин, ба Кумитаи телевизион ва радио ва Маркази исломии Тоҷикистон зарур аст, ки аз тариқи ташкили барномаҳои махсуси телевизионӣ дар ин самт корҳои таблиғотиву ташвиқотиро вусъат бахшанд.

Исрофкории мо дар маросимҳо ва маъракаҳои мардумӣ шохаҳои зиёд ва решаҳои амиқ дорад. Аз ин рӯ, танзими онҳо тақозо менамояд, ки шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида, ташкилоту ширкатҳои давлативу хусусӣ фаъолияти хайриявии худро дар ҷомеа дуруст ба роҳ монанд.

Додани закот ва баъзе намудҳои хайру садақот дар баробари намозу рӯзаву ҳаҷ яке аз рукнҳои асосии ислом аст ва нашояд ки мардуми мусулмон аз имкони адои ин фариза ва ин амали нек маҳрум бошанд.

Вале дар шароити кунунӣ мардум намедонанд, ки он маблағи закоту садақоти худро ба кӣ ва ба куҷо диҳанд ва агар ашхосе ин маблағро ба масҷиде супоранд ҳам, намедонанд, ки оё он маблағ ба онҳое, ки аз рӯи фармудаҳои Қуръон ва шариат бояд сарф шавад, расидааст ё не. Зеро шумо медонед, ки ба ғайр аз фақирону камбағалон ва ятимону маъюбон касе ба гирифтану хӯрдани моли закоту садақот ҳақ надорад.

Ҳоло вақти он расидааст, ки гузаронидани маросимҳо, бахусус маросимҳои мурдадорӣ, аз додани закоту садақот дар ҳар шакли маъқулу номаъқул ҷудо карда шавад.

Оё мумкин нест, ки ин закоту садақот, чунон ки қадиман дар миёни тоҷикон буду дар кишварҳои мусулмонӣ ҳоло ҳам ҳаст, ба таври муташаккилона ҷамъоварӣ шуда, низ муташаккилона ба эҳтиёҷмандон тақсим карда шавад?

Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки барои ҷамъ кардани маблағҳои закоту садақоту хайрот ва барои ба ҷои худаш, яъне ба шахсони мӯҳтоҷ тақсим кардани ин маблағҳо Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон созмон дода шавад.

Фонд аз рӯи зарурат ва мувофиқи салоҳдиду ризоияти намояндагони ҷомеа ва соҳибони закоту садақот он маблағро тақсим мекунад: ба гурӯҳе таъом медиҳад, ятимхонае ва бемористонеро бо либосу хӯроку дорувор таъмин мекунад, қарзи аз истифодаи барқу оби оилаҳои камбизоатро мепардозад, ба деҳа ё маҳаллае хатти обу барқ мегузаронад, роҳу пул ё мактабу ятимхона ва дигар корҳои хайрияро анҷом медиҳад.

Инчунин нигоҳубин ва ба фарзандӣ хондани ятимон, кӯмак расонидан ба мактабу бемористонҳо, ятимхонаҳо, кандани ҷӯю чоҳҳо, таъмин кардани мардум бо оби ошомиданӣ ва обёрии заминҳо, сохтан ва харидани хона ба бенавоён, бунёди ятимхона, хонаҳои маъюбон, ҳаммом ва ба корҳои хайру савоб роҳнамоӣ намудани мардум аз амалҳои неки хайру садақот ба шумор меравад.

Барои рафъи шакку шубҳа фаъолияти ин Фонд бояд шаффоф бошад, яъне ҳам раванди ҷамъ кардан ва тақсим кардани маблағҳо, молу амвол ва ғайра бояд зери назорати намояндагони институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шӯрои ҷамъиятӣ, ҷамоати мусулмонон ва соҳибони садақоту хайрот ҷараён ёбад.

Худованд дар сураи Бақара мефармояд: "… накӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи охират ва фариштагон ва китобҳои осмонӣ ва пайғамбарон имон биёварад ва моли худро бо вуҷуди он ки дӯст медорад, ба наздикону хешовандон ва ятимону мискинон ва мусофирону дар роҳ мондагон ва соилон ва барои озод кардани бандагон садақа кунад".

Пайғамбари акрам Муҳаммади Мустафо нигоҳубину парастории ятимро, ки дар зоти худ беҳтарин амали инсонӣ аст, чунин ситоиш намудааст: "Ҳар ки ятимеро ба парасторӣ гирад, он ятим ҳиҷобе байни ӯ ва байни оташи дӯзах гардад. Ҳар ки сари ятимеро сила кунад, вайро ба ҳар тори мӯи сари он ятим савоб бошад".

Ин як асли муҳим аст, ки ба моҳияти ҳар як давлати иҷтимоӣ хос аст. Пас коре, ки мо ба хотири аз байн бурдани исроф оғоз кардаем, ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, ба аҳкоми Қуръони карим низ мухолифат намекунад.

Аммо исрофе, ки ба маросимҳо ва маъракаҳои мардуми мо хос гаштааст, ҳаргиз моҳияти иҷтимоӣ надорад. Маҳз барои ҳамин мо проблемаи рафъи исрофи маросиму маъракаҳо ва танзими иҷтимоии онро ҳам масъалаи динӣ ва ҳам масъалаи миллӣ ҳисобидаем.

Аз ин рӯ, мубориза ба муқобили исрофкорӣ барои ҳамаи мардуми мусулмони кишвар ҳам фарз асту ҳам қарз. Зеро хароҷоти умумии мардуми кишвари мо барои гузаронидани маъракаҳои хурсандиву мотам ба ҳисоби миёна дар як сол маблағи аз чоруним то панҷ миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Ҳол он ки буҷети солонаи кишвар се миллиарду 300 миллион сомонӣ аст.

Дар кишвар имрӯз аз як миллиону сад ҳазор оила 500 ҳазор оилаҳои камбизоат, 527 ҳазор нафар нафақахӯрон, 134 ҳазор нафар маъюбон, аз ҷумла 19 ҳазор нафар кӯдакони маъюб, 68 ҳазор оилаҳои бесаробон, 118 ҳазор кӯдакони то 16-солаи оилаҳои бесаробон ва 9 ҳазор нафар пиронсолони яккаву танҳо зиндагӣ мекунанд.

Инчунин шумораи мактаб-интернатҳо 77 адад ва хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон 11 адад мебошад, ки бошандагони ин муассисаҳо 13 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин аз ҳисоби буҷети давлат барои соҳаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагии манзил соли ҷорӣ 1,4 миллиард сомонӣ сарф мегардад, ки он 42 фоизро ташкил медиҳад. Танҳо барои пардохти нафақа 355 миллион сомонӣ сарф мешавад, ки ин ҳанӯз ҳам кам аст.

Дар чунин ҳол агар маърифати дуруст ва ҳидояти ҳақиқии динӣ вуҷуд медошт, исроф ба проблемаи иҷтимоӣ табдил намеёфт. Ва агар як қисмати маблағҳои зиёде, ки исроф шуда истодаанд, ба кори хайр, ба нафъи ҷомеа сарф мешуд, вазъи иҷтимоӣ беҳ ва бори гарони зиндагии мардум сабук мегардид.

Ҳар ҳукми шаръие, ки барои аҳли суннат ва ҷамоат қабул мегардад, мо бояд аз он барои осон кардани зиндагии мардуми кишвар оқилона истифода барем.

Мо таҷрибаи давлатҳои дигари мусулмонӣ, бахусус кишварҳои пешрафтаро дар бораи танзими маросимҳои динӣ хуб омӯхтем ва ба хулосае омадем, ки исрофи дар маросимҳои мо ҷойдошта, ба мардуми он кишварҳо тамоман бегона мебошад.

Дар мо таассуби маросимӣ ба дараҷае расидааст, ки онро меъёри мусулмонӣ қарор додаем. Дар ин асос ҳатто баъзеҳо имони мусулмонони кишварҳои дигари исломиро заиф меҳисобанд. Ман пеш аз ҳама кишварҳоеро дар назар дорам, ки аксарияти мутлақи мардуми онҳо ҳанафимазҳаб мебошанд.

Таъкид бояд кард, ки ҳатто камтарин исрофе, ки дар байни аҳолии деҳоти кишварҳои ҳанафимазҳаби хориҷӣ мушоҳида мегардад, аз ҷониби фақеҳону уламои дин маҳдуд карда мешавад.

Аз ҳама муҳим он аст, ки дар ҳаёти диниву маросимии мардуми ин кишварҳо исроф ва хароҷоти беҳуда мушоҳида намегардад. Маросимҳои динии онҳо содда ва камхарҷ буда, аз ин ҷиҳат метавонанд барои мо намунаи ибрат бошанд.

Аз ҷумла, дар моҳи шарифи Рамазон ва идҳои саиди Фитру Қурбон, ки барои мусулмонон айёми накӯкорӣ, хайру эҳсон ва анҷом додани корҳои савоб мебошад, дар кишварҳои мазкур хайру садақот бештар гардида, дар бозорҳо нарху навои маҳсулот хеле паст мешавад. Дар кишвари мо, баръакс дар ин айём арзиши озуқаворӣ баланд мегардад.

Зимни сафарҳои худ ба кишварҳои исломӣ ва арабӣ ман бо шахсиятҳои мӯътабари онҳо доир ба ин масъала борҳо сӯҳбат кардаам. Ҳамаи онҳо як нуктаи муҳимро таъкид мекарданд: ҳар коре, ки Парвардигори олам фармудаасту ҳазрати Пайғамбар суннат гардонидааст, бояд ба ҷо оварда шавад.

Худованд дар сураи Ҳаҷ ояти 78-и китоби муқаддаси худ мегӯяд, ки ӯ дар дин ҳеҷ сахтиву машаққат падид наовардааст. Дар сураи Нисо ояти 36-и Қуръони карим ҳамчунин амр шудааст, ки: "… бо падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар ва бандагони худ некӣ кунед…".

Аз ин бармеояд, ки инсон бояд аз дороии худ ба волидайн ва наздикону ниёзмандон эҳсон кунад ва ба онҳо ҳамеша ғамхорӣ зоҳир намояд. Адо кардани ин қарз ба фарзандон воҷиб аст. Аммо баъд аз марг хайру эҳсон мафҳум ва маънои дигар мегирад. Баъди марг дар ҳаққи онҳо фақат дуо кардан воҷиб аст.

Пас аз вафоти волидайн пулу моли зиёд сарф кардан ва оростани ҳар гуна маъракаҳои серхароҷот, яъне исрофкорӣ дар аҳкоми шариат наомадааст.

(Дар байни халқи мо мақоли "Зинда хору мурда азиз" бисёр маъруф аст, ки ҳамаи моро водор месозад, то ба қадри инсон дар зиндагиаш расем).

Дар ин робита бояд гуфт, ки дар ҷомеаи мо як падидаи манфии дигар низ расм шуда истодааст. Сухан дар бораи оростани маъракаҳои навбаромад меравад, ки аз ҷониби баъзе ашхос ҳар сол дар рӯзи вафоти наздикон гузаронида шуда, ҳатто рӯзи таваллуди онҳо низ ҷашн гирифта мешавад. Мо бояд донем, ки ҷашнгирии рӯзҳои таваллуд хоси мусулмонон нест.

Дар олами ислом таҷлили мавлуди ҳазрати Пайғамбар ба ҳукми анъана даромадааст ва уламои мо якдилона тавсия медиҳанд, ки ин маросим танҳо рӯзи 12-уми моҳи рабеъулаввали солшумории ҳиҷрӣ дар масҷидҳо бо қироати мавъизаҳо гузаронида шавад.

Дар робита ба ин, мехостам маъракаҳои пурдабдабаи "мавлудхонӣ"-ро, ки дар хонаҳо бо иштироки намояндагони маъруфи рӯҳонияти кишвар доир мегарданд, зикр намоям. Мувофиқи маълумоте, ки дар даст дорам, ин гуна муллоҳо даста ё гурӯҳи қироати амри маъруф ташкил карда, дар маъракаҳо бонавбат баромад мекунанд, арзиши хизмати онҳо имрӯз то ба ду ҳазор доллари амрикоӣ расидааст.

Дар баробари ин, як шакли дигари худнамоӣ ва аз мардуми оддӣ худро боло ҳисобидан чанд сол инҷониб вусъати тоза гирифтааст, ки онро ҳоҷиёни баъзе ноҳияҳо ҷорӣ намудаанд.

Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, бо номи "ҳоҷиталабон" зиёфатҳои бодабдаба ташкил мекунанд, ки ба он доираи васеи мардум даъват мешаванд.

Афзоиши шумораи иштироккунандагони маросимҳо баъзе уламову ходимони динро то ҳадде ба ваҷд меорад, ки онҳо таблиғи моҳияту мазмуни арзишҳои маросимии дини исломро аз мадди назар дур сохта, дар баъзе мавридҳо маросимҳоро ба саҳнаи таблиғоти идеяҳои ифротӣ табдил медиҳанд.

Вобаста ба ин бояд хотирнишон намуд, ки дар ягон давлати исломӣ аз номи ислому дин баромад кардан мисли кишвари мо бенизом сурат намегирад. Кор ба ҷое расидааст, ки касе дилаш хоҳад, дар ҷамъи одамон, бештар дар маъракаҳои мавлудхонӣ, ҳатто дар намозҳои ҷумъа ҳар чизе ба забонаш ояд, вазъ мегӯяд ва амри маъруф мекунад.

Ҳатто дар адои маросимҳои дафн гуфтани вазъҳои бемавқеъ пайдо шудааст, ки рӯз аз рӯз меафзояд.

Шумо худатон мушоҳида кунед, ки дар кадом кишвари исломӣ чунин вазъи бесарусомонро мебинед. Дар Арабистони Саудӣ, ки гаҳвораи ислом аст ва ислом як рукни давлат мебошад, ягон нафар хатиб бе хутбаи аз тарафи дастгоҳи дахлдори давлатӣ тасдиқу тасвибшуда ба хутба гуфтан ҳақ надорад, ҳатто берун аз матни тасдиқшуда низ чизе илова карда наметавонад.

Чаро дар кишвари мо минбари ҳассостарин рукни маънавии ҷомеа бе назорат ва барои таблиғоти ин гуна шахсоне, ки бо номи дини ислом ақидаҳои бегонаро таблиғ мекунанд, бояд кушода бошад?

Шумо он мавъизаву хутбаҳои ғайриқонунӣ сабтшударо, ки дар бозору мағозаҳо ба фурӯш гузошта шудаанд, шунида, худатон мулоҳиза намоед.

Ҳамзамон китобу рисола ва варақаҳои зиёди ғайриқонуние чоп ва паҳн карда мешаванд, ки метавонанд дар ҷомеа вазъи ноором эҷод созанд. Давлат дар доираи қонунгузории амалкунанда салоҳият дорад, ки барои ҳифзи оромиву суботи ҷомеа, асолат ва арзишҳои фарҳангии мардуми кишвар ба фаъолияти ташкилотҳои динӣ аҳамият диҳад.

Инчунин вазифаи бевоситаи Маркази исломӣ ва Шӯрои уламои Тоҷикистон ин аст, ки матни хутбаву мавъизаҳои онҳоро аз назар гузаронад.

Аз ин рӯ, ба мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки мавридҳои мухолифат доштани хутбаҳои ин гуна ходимони дин ва муллоҳоро бо Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон амиқан баррасӣ намоянд.

Ҳозирини гиромиқадр!

Ислом дар таълимоти худ ба илму маориф ихтилоф намеварзад, баръакс маҷмӯи оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои пайғамбар мусулмононро ба омӯхтани илму фарҳанг даъват менамояд.

Зеро диндорие, ки бар илму маърифат устувор нест, ҳосили он хурофоту таассуб ва ҷаҳлу нодонӣ мебошад.

Ҳангоми сафар ба кишварҳои исломӣ, бахусус Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҷараёни мулоқот бо шахсиятҳои маъруфи сиёсиву илмӣ, инчунин донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи маъруфи ал-Азҳар онҳо аз сатҳи малакаву дониши ходимони дин, низоми таълимоти динӣ ва барномаҳои таълимӣ дар мадрасаву мактабҳои динии кишвари мо изҳори нигаронӣ карданд ва ислоҳи онро тақозо намуданд.

Воқеан зиёда аз 90 фоизи пешвоён ва ходимони дини кишварамон маълумоти олӣ ё миёнаи динӣ ва дунявӣ надоранд, аксарияти онҳо дар ҳар гӯшаву канор дар назди домуллоҳо сабақи динӣ гирифтаанд.

Таълимоту таҳсилоти динӣ дар кишвари мо комилан ихтиёрӣ буда, ҷузъи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва дар маҷмӯъ озодии эътиқоду виҷдонро ташкил мекунад. Ҳарчанд ки тибқи қонун мактабу мадрасаҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, мустақилона фаъолият мекунанд, вале мо нисбат ба тақдири ҳазорон нафар ҷавонону наврасоне, ки дар Донишгоҳи исломӣ ва беш аз бист мадрасаҳои миёна таҳсил менамоянд, бетараф буда наметавонем.

Бинобар ин зарур мешуморам, ки минбаъд таъминоти Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шавад ва таҳсил дар ин муассисаи олӣ ба меъёрҳои муосири таълим мутобиқ гардонида шуда, дар баробари таълими аркон ва аҳкоми дини ислом, ҳамчунин омӯзиши фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, технологияи муосири иттилоотӣ, фалсафа, мантиқ, фарҳангшиносӣ ва забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шавад.

Бо ин восита мо метавонем мақоми Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро дар тарбияи ходимони дин ва мутахассисони соҳаҳои ҷомеашиносӣ баланд бардорем ва хатмкардагони онро барои фаъолият дар тамоми сохторҳо ҷалб намуда, дар ободии Тоҷикистон саҳмгузор гардонем.

Аз ин рӯ, ба Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати маориф зарур аст, ки якҷоя бо Маркази исломии Тоҷикистон масъалаҳои ба низоми ягонаи таълими илмҳои диншиносии муосир ворид намудан ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълимро дар Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ, мадрасаҳои динӣ ва танзими фаъолияти онҳоро омӯхта, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

Ҳамзамон ба Академияи илмҳои Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки масъалаи аз ҳисоби шӯъбаҳои марбутаи Институти фалсафа ва дигар сохторҳои илмӣ таъсис додани Институти исломшиносиро баррасӣ карда, хулосаҳои худро ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Ба Ҳукумат ва Академияи илмҳои Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки дар муддатҳои кӯтоҳтарин таҳия ва нашри илмиву академии ба забони адабии ҳозираи тоҷик ва бо дарназардошти хусусиятҳои мазҳаби мо, яъне ҳанафия тарҷумашудаи Қуръони маҷидро аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон таъмин намуда, як қисми он дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳамчун тӯҳфаи Президент ба мардуми кишвар ҳадя карда шавад.

Ҳамчунин супориш дода мешавад, ки чопи комили китоби "Ҳидояи шариф"-и Бурҳониддини Марғелонӣ барои соли оянда ба нақша гирифта шавад.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи асосии мо аз ин тадбирҳо танҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати динии мардуми кишвар аст. Бигузор наслҳои мо дар оянда ба моҳияту маънои оятҳои раббонӣ дуруст сарфаҳм рафта, дар зиндагӣ ҳангоми иҷрои расму ойинҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ мувофиқи фармудаҳои Қуръони маҷид, ҳадисҳои пайғамбар ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ амал кунанд.

Дӯстони азиз!

Таассубу хурофотпарастӣ ва маросимгароии мардуми мо асосан аз пастии маърифати динӣ ибтидо мегирад. Маърифати мардум ҳам он вақт комил мегардад, ки он дар асоси арзишҳои илмӣ, асолати фарҳангӣ, мероси таърихӣ ва дар муқоиса бо таърихи ҷаҳон, инчунин донишҳои муосир омӯхта шавад. Дар он сурат мо метавонем аз мушкилоти маънавӣ ва маросимгароӣ раҳоӣ ёбем.

Мо бояд ба хотири рӯзгори босаодат, беҳбудии сифати зиндагии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ арзишҳои беҳтарини расму оинҳои миллӣ ва диниро оқилона ва одилона истифода барем. Бо ин иқдоми хайру савоби худ мо ба ислоҳоти ҷиддии иҷтимоӣ оғоз мебахшем.

Тавре шумо хуб дар хотир доред, вақте маро соли 1992-юм дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб карданд, қавл дода будам, ки ҷони худро фидо мекунаму ба мардум сулҳу субот меорам.

Баъди фароҳам овардани сулҳу суботи комил мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани Тоҷикистон ва амнияти озуқавориро ҳадафи асосии худ қарор додем.

Ба тамоми мардуми кишвар маълум аст, ки барои ба ин ҳадафҳои стратегӣ расидан мо ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду калон, хатҳои интиқоли қувваи барқ, сохтмон, азнавсозӣ ва кушодани шоҳроҳҳову нақбҳои мошингузар ва пулҳо шурӯъ намудем.

Тоҷикистонро, ки дар гузаштаи наздик ду вилояти калони он соле ҳамагӣ шаш моҳ бо маркази давлат робитаи нақлиётӣ доштанд, ба як қаламрави воҳид табдил дода, аз чор тарафи он роҳҳои байналмилалӣ кушодем. Ният дорем, ки баъди ду сол истиқлолияти энергетикии кишварамонро низ таъмин намоем.

Дар интиҳои соли гузашта ба ҳайси Президенти азнавинтихобшуда ба номи поки Худо, шири сафеди модарам, ба нону намаки дастурхони пиру ҷавон, ба обу хоки муқаддаси Ватан қасам ёд кардам, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро ба дӯш мегирам. Бо дарназардошти ин, имрӯз ба шумо кафолат медиҳам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дар солҳои наздиктарин аз таҳти таассубу хурофот бароварда, бори гарони зиндагии имрӯзаи халқи азизамро сабук мегардонам.

Зеро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият барои ояндаи давлату миллат ба дӯши ман вогузор гардидааст.

Инчунин ба ҳукми ояти 59-и сураи Нисои Қуръони шариф иҷрои фармудаҳои се асли аҳком - Парвардигор, ҳадисҳои пайғамбар ва Сарвари давлат бар мусулмонон фарз мебошад. Бо дарки ин масъулияти олӣ ман ҳоло дар ҳузури шумо - намояндагони тамоми ҷамоатҳо, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон лоиҳаи "Қонун дар бораи танзими анъана, ҷашн ва маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро барои баррасӣ ва тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям.

Лоиҳаи қонун бо дарназардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодоте, ки ба сайти Президенти Тоҷикистон, гурӯҳҳои кории Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ ворид шудаанд ва баррасиву таҳлили қонуниву шариатии маросимҳо ва таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ, инчунин вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон бо супориши Сарвари давлат аз ҷониби гурӯҳи ҷомеашиносон, диншиносон ва ҳуқуқшиносони варзидаи кишвар таҳия шудааст.

Аз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мегардад, ки ин қонунро бори дигар ба таври дақиқ, саҳеҳ ва ҳамаҷониба баррасӣ намояд.

Дар қонуни мазкур тамоми меъёрҳо ва андозаҳои гузаронидани расму оинҳо зикр шудаанд, ки баъди қабули Маҷлиси Олӣ, имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри расмӣ иҷрои он барои тамоми мардуми кишвар - аз Президент то шаҳрванди қаторӣ ҳатмӣ мегардад.

Ҳамчунин бо мақсади танзими назорат аз болои расму оинҳо ва маъракаву маросимҳои милливу динӣ, риояи қатъии қонуни қабулшаванда, ҳамоҳангсозии комиссияҳои дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таъсисёбанда дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раёсат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ташкил карда мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба халқи шарифи худ, хусусан ба падарону модарон муроҷиат менамоям, ки маблағи ёфтаи худро ба ҷойи ба маросимҳои беҳудаву нодаркор ва серхароҷот барбод додан ба ғизои дурусти оилаи худ, барои ба тартиб овардани хонаву дари худ, беҳбудии шароити зист ва таълиму тарбияи шоистаи фарзандони худ сарф намоянд. Аз пирони рӯзгордида хоҳишмандам, ки ба хотири пешгирии исрофкорӣ ва расму оинҳои серхароҷоти милливу динӣ ҳамеша насиҳатгари ҷавонон бошанд. Ба роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳову маҳаллаҳо ва тамоми кормандону хизматчиёни давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар баробари татбиқи бевоситаи қонуни қабулшаванда, ҳамчунин наздикону пайвандони хешро барои риояи қатъии меъёрҳои муқарраркардаи он даъват намоянд. Мо аз ходимони дин ва уламои кишвар умедворем, ки иқдоми давлатро дар самти танзими маросимҳои милливу динӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар тарғибу ташвиқи фармудаҳои шариат оид ба масъалаҳои исрофкорӣ, хайру садақот, ба ҷо овардани суннатҳои ҳақиқии динӣ воқеъбинона амал мекунанд. Ҳамчунин бо ибрати шахсӣ мардум, бахусус ҷавононро ба роҳи рост, ба меҳнати созанда, ободии диёр, ба ваҳдату худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида талқин ва ҳидоят месозанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар айни замон таваҷҷӯҳи тамоми мардуми кишварамон ба ҷамъомади имрӯзаи мо нигаронида шудааст. Онҳо бесаброна интизоранд, ки мову шумо вобаста ба танзими расму оинҳо ва маъракаҳо ба кадом хулоса меоем.

Зеро беш аз ду моҳ аст, ки маросимҳои серхароҷоти милливу динӣ мавзӯи асосии сӯҳбат ва гуфтугузори аҳолии кишвар мебошад.

Тавре ки гуфтам, мо дар ин бобат акнун қонун қабул мекунем. Вале дар амал татбиқ намудани он масъалаи дигар аст. Риоя ва амалӣ гардидани қонуни қабулшаванда пеш аз ҳама ба мову шумо, яъне дар ин толор ҷамъомадагон алоқамандии зич дорад.

Аз ин рӯ, ба зиммаи ҳамаи шумо, ки доимо ҳамроҳи халқ буда, дар маҳалҳо онро сарвариву раҳбарӣ мекунед ва иштирокчиёни бевоситаи ин ҷаласаи таърихӣ мебошед, вазифаи бузург гузошта мешавад.

Бо дарки ин масъулият ба ҳар яки шумо лозим меояд, ки барои татбиқи ҳадафҳои Сарвари давлат, яъне ба низоми муайян даровардани расму оинҳои мардумӣ ва маросимҳои динӣ худатон, хешу табор ва наздиконатон ба дигарон намунаи ибрат гардед.

Зеро маҳз бо ҳамин роҳ мо дар як муддати кӯтоҳ ба мақсади асосии худ хоҳем расид, яъне мардуми худро аз бисёр ташвишҳои маросимӣ ва хароҷоти беҳуда халос карда, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро то андозае таъмин карда метавонем.

Итминони комил дорам, ки моро дар ин кор мардуми бонангу номуси Тоҷикистони азиз чун ҳамеша дастгиру мададгор мегардад ва мо ҳама якҷояву дастҷамъона душвориву мушкилотеро, ки маросимҳои милливу динӣ дар назди халқамон ба вуҷуд овардаанд, бартараф хоҳем кард.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо ва тамоми мардуми шарифу сарбаланди тоҷик дар ин роҳ рӯҳи матин, нерӯи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520