15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон рафт.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Эркин Рахматуллоев ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи кории мулоқоти навбатии Сарони мамолики узви ИДМ пурзур намудани мубориза алайҳи терроризм, дарёфти роҳҳои нави таъмини амнияту суботи байналмилалӣ мебошад.
Ҳамзамон, имзои як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва робитаҳо дар соҳаи низомӣ дар назар аст.