Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Кир Родни Стармер

06.07.2024 13:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Кир Родни Стармер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазири Ҳизби лейбористон дар интихобот ва таъин гардиданатон ба маснади Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки инҷонибро иброз менамоям.

Тоҷикистон Британияи Кабирро шарики муҳимми худ дар Аврупои Ғарбӣ медонад. 

Дар ин замина мо ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем.

Алоқаманди таҳкими фарогири ҳамкориамон бо кишвари Шумо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Омодаем, ки минбаъд ҳам ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дар сатҳҳои мухталиф саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳем.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу дар фаъолияти сермасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Шоҳигарии Муттаҳида сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу   пешрафти беш аз пеш орзу менамоям.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520